Previous Next

Хониши идоравӣ дар мавзуи “Хатарҳои ифротгароӣ ва оқибатҳои он”

Санаи 20-уми декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Комиссия бо иштироки намояндаи Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Раҷабзода Абдулмаҷид ва кормандони Комиссия хониши идоравӣ дар мавзуи “Хатарҳои ифротгароӣ ва оқибатҳои он” баргузор гардид.

Раҷабзода Абдулмаҷид дар баромадашон қайд намуданд, ки ифротгароӣ падидаи нав нест. «Ифротгаро» аз ду реша иборат буда, якумӣ аз забони арабӣ «ифрот», яъне «фатарот», «бесарусомонӣ», «хараҷу мараҷ» ба миён овардан, дигаре аз вожаи форсӣ «гаро» иборат аст, ки «гаравидан», «шомил гаштан» ва «майл кардан» аст.

Яъне ин калима ва гурӯҳро чунин шарҳ додан мумкин аст: «Дар ҷомеа ва шуури ӯ як фатароте, як бесарусомоние ба вуҷуд овардану ба мақсади нопоки хеш ноил гаштан аст».

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби иштирокчиён оид ба омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои мамнуи террористӣ-экстремистӣ ва даст задани онҳо ба ҳар гуна амалҳои номатлуб ва падидаву зуҳуротҳои харобиовар, ки аксаран қисме аз нақшаи гурӯҳҳои манфиатхоҳу манфиатталаб мебошад, саволу ҷавобҳо баргузор гардид.

Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин дар баромадашон таъкид карданд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба давлатдории миллӣ ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Олимону коршиносони масоили сиёсӣ таърифи гуногуни мафҳуми ифротгароиро пешниҳод намуда, онро аз паҳлуҳои гуногун маънидод мекунанд. Дар фарҳанги забони тоҷикӣ мафҳуми “ифрот” бо маънии аз ҳад гузаштан, зиёдаравӣ кардан, аз андоза берун баромадан ифода ёфтаст.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” мафҳуми мазкур чунин маънидод шудааст: “экстремизм - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст”.

Дар хотима раиси Комиссия аз суханрониҳо, дастурҳо ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар чунин вазъи мураккабу ташвишовари ҷаҳон таҳдиду хатарҳои муосир - терроризму экстремизм моро водор месозад, ки матонат, донишу заковат ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пойдории сулҳ ва ваҳдати кишварамон талош варзем.  Таъмини муқовиматпазирии устувор ба ифротгароии эътиқодию фарҳангӣ ба ибораи Пешвои муаззами миллат “Қарзи шаҳрвандӣ, рисолати инсонии ҳар як шаҳрванд аст”.

 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

ПОЙГОҲИ ДОДАҲОИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2024.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org