Санаи 28-уми декабри соли равон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави Парламенти кишвар бо иштироки васеи вакилони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумат, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Вазорату идораҳо, Академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, вакилони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ, эҷодӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳои ҷумҳурявӣ, тоҷирону соҳибкорон, созмони ҷавонон, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва васоити ахбори омма баргузор гардид.
Дар Паёми имсола таъкид гардид, ки боназардошти нақши илм дар рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, ки пешрафти илми ватанӣ таъмин гардад. Пешвои миллат нақши олимони ҷомеашиносро дар шароити имрӯза ва ҷаҳони зудтағйирёбанда муҳим арзёбӣ намуда, қайд намуданд, ки ин қишри ҷомеаи илмӣ бояд дар ҳамкорӣ бо зиёиёни эҷодкор бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳарчи бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд.
Дар Паёми навбатӣ Сарвари мамлакат ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат диққати махсус доданд. Таъкид карда шуд, ки аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ корҳои зиёд ба анҷом расонида шудааст. Президенти мамлакат дар назди Ҳукумат вазифаҳои мушаххас гузошта, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро ба миён гузоштанд.
Ҳамин тариқ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуд. Аз Паём чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбудии вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд.