ТАВАҶҶУҲ!

 аз 29.06.2021 №214  ш.Душанбе 

 

Дар бораи фаъолияти
шӯроҳои диссертатсионӣ

  Мутобиқи банди 12 Низомномаи Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон",

ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

  1. Дар фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ аз 12 июли соли 2021 то 23 августи соли мазкур, бинобар сабаби ба рухсатӣ баромадани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таътил эълон карда шавад.
  2. Қабул, баррасӣ ва ҳимояи диссертатсияҳо дар давраи мазкур қатъиян манъ мебошад.
  3. Матни фармоиши мазкур дар муҳлати 1 рӯз аз рӯзи ба имзо расидан дар сомонаи КОА ҷойгир карда шавад.
  4. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба уҳдаи мудирони шуъбаҳои аттестатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

  Асос: пешниҳоди шуъбаҳои аттестатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Раис А. Розиқзода

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

14:27, 26th September 2021
«  Сентябр 2021  »
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930