04 июни соли 2024, соати 09:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Бофанда, 5/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Зувайдов Маҳмадулло Маҳмасолиевич дар мавзӯи «Ҳолати техникӣ-коршоямӣ ва зилзилатобоварии нақби гидротехникии Данғара» оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.23.07 – Сохтмони гидротехникӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734025, ш.Душанбе, кӯчаи Бофанда 5/2 шинос шудан мумкин аст.