23 сентябри соли 2025, соати 13:30 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33) ҳимояи диссертатсияи Бакиева Мадина Қурбоновна дар мавзуи «Касбу ҳунарҳои анъанавии Болооби Зарафшон дар охири асри ХIХ - ибтидои асри XXI (аз рӯйи маводи бойгонии мардумшиносӣ ва Осорхонаи мардумшиносии ба номи М.С.Андрееви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020800 – Бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ (6D020802 – Мардумшиносӣ, этнология ва антропология) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи Марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.