2 апрели соли 2026, соати 10:00 дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.KOA-076 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ (ш. Душанбе, хиёбони Рудаки 21, толори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ) ҳимояи диссертатсияи Рахмонзода Шералӣ Курбоналӣ дар мавзуи “Асосҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 5.5.10. – Ҳуқуқи байналмилалӣ; Ҳуқуқи Аврупо баргузор мегардад.
Бо мазмуни диссертатсия дар сомонаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ ва Китобхонаи марказии илмии АМИТ ба номи И. Гандӣ дар суроғаи: 734025, ш. Душанбе, х. Рудакӣ 33, метавон шинос шуд.

