27 марти соли 2026, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14) ҳимояи диссертатсияи Шарипов Некрӯз Гадомадович дар мавзуи «Ҷанбаҳои ташкилӣ-иқтисодии баландбардории рақобатпазирии бонкҳои тиҷоратӣ дар шароити иқтисодиёти рақамӣ (дар мисоли ташкилотҳои қарзӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.17. Молия, муомилоти пулӣ ва қарз баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДМИТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 шинос шудан мумкин аст.

