«29» апрели соли 2026, соати 9:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-080 назди Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини АМИТ (ш. Душанбе, кучаи Айни 299/2) ҳимояи якдафъаинаи рисолаи диссертатсионии Сафарзода Шоҳмуҳаммад Сафар дар мавзуи “Синтез ва хосиятҳои 2-бром-6-(пара-толил)имидазо[2,1-b][1,3,4]-тиадиазол” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз руйи ихтисоси 6D060600-Химия (6D060604 - Химияи органикӣ ва 6D060612 - Химияи биоорганикӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти кимиёи ба номи В.И.Никитини АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии ш. Душанбе, кучаи Айни 299/2 шинос шудан мумкин аст.

