19-уми майи соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-018 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 11, толори Шурои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Фарҳодзода Волида Фарҳод дар мавзуи «Функсияи тарбиявии ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳқиқоти назариявӣ-ҳуқуқӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисоси 6D030100 – Ҳуқуқшиносӣ (6D030101 - Назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат; таърихи таълимот дар бораи ҳуқуқ ва давлат) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

