16 - уми майи соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 079 назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Сулаймонзода Масъуд Мумин дар мавзуи «Сиёсати фарҳангӣ ва хусусиятҳои он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050200 – Сиёсатшиносӣ (6D050202 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияи сиёсӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

