6- уми июни соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ дар мавзуи «Технологияҳои ангезишӣ ва рушддиҳандаи ҳамсанҷии педагогӣ дар идораи арзишӣ-маъноии вақт дар муҳити инноватсионии муассисаи таҳсилоти олӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.11.11. Назария ва технологияи таълими менеҷменти педагогӣ дар соҳаи маориф (таҳсилоти касбӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

