16-уми майи соли 2026, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Зафарзода Нушофарин Зафар дар мавзуи «Иштироки сиёсӣ ҳамчун воситаи муоширати ҳокимият ва ҷомеа» (дар мисоли Тоҷикистон) барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рўйи ихтисоси 6D050200 - Сиёсатшиносӣ (6D050202 - Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФС ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

