23 майи соли 2026 соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-079 назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) диссертатсияи Абдусаломзода Абдуқодир Маҳмадулло дар мавзуи “Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии низоми муносибатҳои байналмилалӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзадии илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.4. Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Ганди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33 шинос шудан мумкин аст.

