12 июни соли 2026, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 052 назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" (ш. Душанбе, ноњияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Маҳмадалиев Бахтовар Ғуломҳайдарович дар мавзуи: «Беҳсозии пешгӯйӣ, пешгирӣ ва табобати оризаҳои фасодӣ-илтиҳобӣ дар беморони дорои шикастагиҳои устухонҳои дарози андомҳои поёнӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 3.1.15. Травматология ва ортопедия баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кўчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.

