23 майи соли 2024, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D. КОА-010 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, маҷлисгоҳи шурои диссертатсионӣ) ҳимояи такрории диссертатсияи Баротов Намозкул Иноятович дар мавзуи «Таҳқиқи бузургиҳои физикию химиявии маводҳои нимноқилии ҷавҳаронидашуда дар асоси антимониди индий» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои химия аз рўи ихтисоси 02.00.04- Химияи физикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи миллии Точикистон ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.