20 июни соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-117 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев 17/6, толори шурои олимон) ҳимояи такрории диссертатсияи Ҳабибзода Самад Шукур дар мавзуи «Инъикоси консептҳои “труд/меҳнат” дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 6.2.14. Забоншиносии типологӣ ва муқобилавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва дар китобхонаи илмии Донишгоҳ бо нишонии 734019, ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев 17/6 шинос шудан мумкин аст.

