13- уми июни соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-048 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Ҳайётзода Қурбонали Эмомудин дар мавзуи «Омӯзиши усулҳои муосири барномасозӣ бо татбиқи технологияҳои мобилӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.10. Назария ва технологияи таҳсилоти касбӣ (фанҳои табиӣ-риёзӣ) (5.3.10.3. − Назария ва технологияи таълими информатика) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ 67 шинос шудан мумкин аст.

