18 июни соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи такрории диссертатсияи Асомиддини Абдулмумин дар мавзуи «Таърихнигории ҷанги шаҳрвандӣ ва сулҳи тоҷикон (солҳои 1992-2000)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 6.1. Таърих ва бостоншиносӣ (6.1.5. Таърихнигорӣ, манбаъшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар Китобхонаи марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

