16 июни соли 2026 соати 10:00 дар шурои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-057 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ (к. Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои таълимии №17, факултети геология, утоқи 102) ҳимояи диссертатсияи Кароматуллои Юсуф дар мавзуи «Ҷанбаҳои геоэкологии таъсири истихроҷи конҳои ангишти нишебии ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор ва арзёбии устувории минтақа» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои геологию минералогӣ аз рӯйи ихтисоси 1.6.32. Геоэкология баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо суроғаи 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

