23-юми июни соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 106 назди МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, хиёбони Исмоили Сомонӣ 59) ҳимояи диссертатсияи Маҳмудзода Ибодулло Ҳамид дар мавзуи «Оптимизатсияи ташхис ва табобати ҷарроҳии каҷшавии миёнадевори бинӣ аз рӯйи ихтисоси 3.1.3. Бемориҳои гӯш гулӯ ва бинӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино хиёбони Исмоили Сомонӣ 59 шинос шудан мумкин аст.

