30 июни соли 2026, соати 9:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-082 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Бурҳонов Саидориф Саидмуҳамадович дар мавзуи «Инъикоси таърих ва фарҳанги асримиёнагии халқи тоҷик дар андарзномаҳои таърихию адабии форс-тоҷики асрҳои XI-XII» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 6.1.5. Таърихногорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67 шинос шудан мумкин аст.

