1-уми июли соли 2026, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-011 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Хисорак, бинои таълимии № 17, синфхонаи 203) ҳимояи диссертатсияи Нарзуллозода Парвиз Лутфулло дар мавзуи «Коркарди модели математикӣ ва компютерии раванди оптимизатсионии муҳофизати растанӣ бо назардошти вақт-сину сол ва тақсимоти фазоӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D060100 – Математика (6D060110 – Моделсозии математикӣ, методҳои ададӣ ва комплекси барномаҳо) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

