30 июни соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-104 назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33) ҳимояи диссертатсияи Аҳрорӣ Адиба Мухиддинҷон дар мавзуи "Камбизоатӣ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ (таҳлили сотсиологӣ)" барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050100 – Сотсиология (6D050103 – Сохтори иҷтимоӣ, ниҳодҳо ва равандҳои иҷтимоӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи марказии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи И. Гандӣ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33 шинос шудан мумкин аст.

