9-уми июли соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-038 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 маҷлисгоҳи шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Раҷабзода Шуҳрат Шералӣ дар мавзуи «Хусусиятҳои фитосенологӣ ва ҳолати экологии дарахту буттаҳои қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз руйи ихтисоси 6D060718 – Ботаника баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

