8 июли соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-077 назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Шарифзода Файзигул Шариф дар мавзуи «Истифодаи воситаҳои иттилоотӣ ва технологияи инноватсионии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.1 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи академия дар суроғаи 735734, шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.

