15-уми июли соли 2026, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-082- и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Қосимзода Лутфия Шералӣ дар мавзуи «Барқароршавӣ ва рушди хоҷагии роҳҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 1924-1990)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020300 - Таърих (6D020301 - Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик)) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67 шинос шудан мумкин аст.

