17-уми июли соли 2026, соати 9:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-011 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Хисорак, бинои таълимии № 17, синфхонаи 203) ҳимояи диссертатсияи Мирзозода Ҷунайдуллоҳ Абдулло дар мавзуи «Таҳқиқи баъзе синфҳои муодилаҳои дифференсиалии таназзулёбандаи намуди Эйлер ва татбиқи онҳо дар ҳалли муодилаҳои интегро-дифференсиалии сингулярӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 1.1.3. Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

