17-уми июли соли 2026, соати 10:30 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-011 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Хисорак, бинои таълимии № 17, синфхонаи 203) ҳимояи диссертатсияи Мавлонзода Сафарали Ҳикматулло дар мавзуи «Моделсозии математикӣ ва компютерии боркашонии нақлиётии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мисоли Нерӯгоҳи барқии обии Роғун бо истифодабарии методҳои барномасозии хаттӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 1.1.10. Моделсозии математикӣ, методҳои ададӣ ва комплекси барномаҳо баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

