24 июли соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14) ҳимояи диссертатсияи Хушвахтзода Дилшод Сангалӣ дар мавзуи «Такмили механизми молиявии идоракунии таваррум дар шароити муосир (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 5.2.17. Молия, муомилоти пулӣ ва қарз баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДМИТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 шинос шудан мумкин аст.

