12-уми августи соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-114 назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи такрории диссертатсияи Зарифзода Ғайрат Зариф дар мавзуи «Вазъи низомӣ ва сиёсии аморати Бухоро дар солҳои 1826-1860» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 6.1. Таърих ва бостоншиносӣ (6.1.1. Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик)) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» ва дар Китобхонаи илмии Донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.

