24 сентябри соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-059 назди Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Бофанда, 5/2, маҷлисгоҳи ШД) ҳимояи диссертатсияи Қурбон Номвар Бойназар дар мавзуи «Рушди асосҳои назариявӣ-методологии тадқиқи захираҳои оби минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.1. Геология, геодезия, гидрология, сохтмон, меъморӣ (2.1.37. Гидрологияи хушкӣ, захираҳои об, гидрохимия) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва дар китобхонаи Институт бо нишонии 734025, ш. Душанбе, кӯчаи Бофанда 5/2 шинос шудан мумкин аст.

