26-уми августи соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-123 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, толори шуроҳои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Юсуфӣ Ифтихор Абубакрзода дар мавзуи «Бунёди иншоотҳои азим дар публитсистикаи Шералӣ Мӯсо» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050400 – Рӯзноманигорӣ (6D050401 – Рӯзноманигорӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

