26 сентябри соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079-и назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Бедилзода Ҳусайн Кабут дар мавзуи «Манфиатҳои миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва стратегияҳои мутобиқсозӣ ба муҳити геополитикии минтақа» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 5.6.4. Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

