28 августи соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-102 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67, толори шурои диссертатсионии донишгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Алиназарова Муҳаббат Раҳматназаровна дар мавзуи «Методикаи омодасозии мутахассисони ояндаи биология бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи 5.3.10.5. Назария ва технологияи таълими биология баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67 шинос шудан мумкин аст.

