15 сентябри соли 2026, соати 16:30 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-091 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи диссертатсияи Изатуллозода Рамазон Хайрулло дар мавзуи “Арзёбии экологии истифодаи тафолаҳои оҳангудозӣ дар истеҳсоли маводи сохтмонӣ (дар мисоли КВД “Коргоҳи машинасозӣ”)” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D060800 - Экология (6D060803-Экология (илмҳои техникӣ)) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042 ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10а шинос шудан мумкин аст.

