10-уми октябри соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-121 назди МДТ-и “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи такрории диссертатсияи Саидиброимов Шозодаиброҳим Одилшоевич дар мавзуи “Ташаккули хирад ҳамчун падидаи сирати миллӣ дар тафсири мутафаккирони асрҳои Х-ХI тоҷику форс” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.1. Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.

