15 сентябри соли 2026, соати 9:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-027 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо 10, толори шуроҳои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсия Маҳмадизода Усмоналӣ Муродалӣ дар мавзуи “Таҳқиқоти таҷрибавии болорҳои оҳанубетонӣ бо истифода аз методҳои моделкунонии физикӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси 6D072900 – Сохтмон (6D072902 – Конструксияҳои сохтмонӣ, биноҳо ва иншоот) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи расмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо суроғаи: 734042, ш. Душанбе, хиёбони ба номи академикҳо Раҷабовҳо, 10А шинос шудан мумкин аст.

