28 сентябри соли 2026, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 052 назди МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Акрамов Садриддин Мираҳрорович дар мавзуи «Оптимизатсияи ташхис ва артропластика ҳангоми некрози асептикии сараки устухони рон бо генези гуногун», барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D110115 – Травматология ва ортопедия баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кўчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.

