20 октябри соли 2026, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-113 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17) ҳимояи Мансурзода Наргиса Мансур дар мавзуи “Ташаккули арзишҳои ахлоқӣ-башардӯстии хонандагони синфҳои ибтидоӣ тавассути адабиёти бачагона дар таълими забони тоҷикӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.5.3.– Назария ва методикаи таълими забони тоҷикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМтва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

