16-уми октябри соли 2026 соати 14-00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-084 назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ш. Хуҷанд, маҳаллаи 17-ум, бинои 1, корпуси 5, аудитория 208) ҳимояи диссертатсияи Файзиев Мубинҷон Ғафорович дар мавзуи "Таҳқиқи масъалаҳои канорӣ барои системаҳои ғайриклассикии (таркибии) таназзулёбандаи се ва чорченакаи муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусии тартиби якум)" барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рӯи ихтисоси 1.1.3. Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва дар китобхонаи Донишгоҳбо нишонии шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 17-ум, бинои 1 шинос шудан мумкин аст.

