3-юми октябри соли 2026, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-117 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев 17/6, толори шурои олимон) ҳимояи такрории диссертатсияи Давлатзода Муслим Сайбурҳон дар мавзуи “Таҳлили вижагиҳои истифодаи аломатҳои китобат дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021310 – Забоншиносии типологӣ ва муқобилавӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 734019, ноҳияи Сино, кӯчаи Муҳаммадиев 17/6 шинос шудан мумкин аст.

