10-уми октябри соли 2026, соати 11:30 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-002 назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, кӯчаи С. Сафаров 16, бинои маъмурӣ, толори Шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Ҷумаева Шамсия Иброгимовна дар мавзуи «Асосҳои педагогии ташаккули фаъолияти таълимӣ-маърифатии донишҷӯён дар ҷараёни омӯзиши экология дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон» барои дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 5.3.10.5. - Назария ва технологияи таълими биология баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар суроғаи 735360, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи С. Сафаров 16, шинос шудан мумкин аст.

