4-уми ноябри соли 2026, соати 13:30 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-119-и назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Ёрмирзозода Мунзифа Мирзоабдулло дар мавзуи «Исмҳои ҷомеъ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ (таҳлили луғавию грамматикӣ)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 6.2. Филология (6.2.1. Забони тоҷикӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» ва дар Китобхонаи илмии Донишгоҳ бо нишонии 735700, ш.Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.

