24 ноябри соли 2026, соати 14:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-091 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи диссертатсияи РАҶАБЗОДА Гуландом Раҷаб дар мавзӯи “Таъсири ҷараёни нақлиёти автомобилӣ ба ҳолати ҳавои атмосфераи шаҳри Душанбе” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.9. Бехатарии фаъолияти инсон ва ҳифзи муҳити зист (2.9.6. Экология) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042 ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10а шинос шудан мумкин аст.

