02-уми декабри соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-123-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17, толори шуроҳои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Бобошоҳзода Муҳаммадшариф Сангинмурод дар мавзуи «Гуфтумон (дискурс)-и расонаии дипломатияи оби Тоҷикистон: таҳлили мушкилот ва дурнамои инъикоси масъалаи ҳифзи пиряхҳо» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илми филология аз рӯйи ихтисоси 6.2.22. Рӯзноманигорӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

