24 ноябри соли 2026, соати 16:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-091 назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи диссертатсияи Муродзода Шоҳин Рустам дар мавзуи “Арзёбии экологии мавҷудияти радионуклидҳои муҳити биологӣ ва мониторинги вазъияти радиатсионӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон”, барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 2.9. Бехатарии фаъолияти инсон ва ҳифзи муҳити зист (2.9.6. Экология) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042 ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10а шинос шудан мумкин аст.

