24 ноябри соли 2026, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-083 назди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон (ноҳияи Кӯшониён, шаҳраки Бохтариён, кӯчаи Н. Хусрав, 73) ҳимояи ошкорои диссертатсияи Ҳабибуллозода Зикрулло Ҳабибулло дар мавзуи «Такмили усули пешгӯии ҳодисаҳои резонансӣ дар шабакаҳои электрикии дорои бори ғайрихаттӣ» барои дарёфти дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D071801 – Неругоҳҳои барқӣ ва системаҳои электроэнергетикӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва дар китобхонаи Донишкада, ки дар суроғаи 735162 вилояти Хатлон, н. Кушониён, ҷ/ш. Бохтариён, кӯчаи Н. Хусрав, 73 ҷойгир аст, шинос шудан мумкин аст.

