27 ноябри соли 2026, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-104 назди Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33) ҳимояи ошкорои диссертатсияи довталаб Солиҳов Саймурод Тағоймуродович дар мавзуи «Масъалаҳои иҷтимоишавии шахс дар ҷомеаи тағйирёбандаи Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сотсиологӣ аз рӯйи ихтисоси 5.4.3 – Сохтори иҷтимоӣ, ниҳодҳо ва равандҳои иҷтимоӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи расмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи марказии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи И. Гандӣ, ки бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 ҷойгир аст, шинос шудан мумкин аст.

