23-юми декабри соли 2026, соати 13:30 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-119-и назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (ш.Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Зокирзода Ҷамшед Зокир дар мавзуи «Мавқеи феълҳои модалии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ дар низоми категорияи функсионалӣ-семантикии модалият» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 6.2. Филология (6.2.14. Забонҳои типологӣ ва муқобилавӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ-и «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» ва дар Китобхонаи илмии Донишгоҳ бо нишонии 735700, ш.Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.

