Previous Next

Таҷлили ҷашни Истиқлол дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 5 сентябри соли 2025 дар бинои  Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро раиси Комиссия, доктори илмҳои биологӣ, профессор Сайфиддин Давлатзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки  Истиқлол чун дастоварди таърихии миллати тоҷик, бешуҳба натиҷаи ҷоннисорӣ ва фидокории мардуми шарифи кишвар, пеш аз ҳама, заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин муддат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низоми давлатдории муосири миллӣ ба вуҷуд омад, ки барои рушд ва устувори кишвари азизамон заминаҳои мусоид фароҳам овард.

Дар ин давра кишвари азизи мо ба дастовардҳои бузург ноил гардида, аз ҷумла роҳҳову нақбҳо, корхонаҳо, нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ, варзишгоҳҳои замонавию муҷаҳҳаз, биноҳои истиқоматии баландошёна, китобхонаю осорхонаҳо, боғоту корхона ва ғайраҳоро сохта ва бунёд намуд.

Раиси Комиссия С. Давлатзода дар бораи муҳтавои суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Дониш ёдовар шуда, онро рамзи арҷгузорӣ ба илму дониш маънидод карда, иброз дошт, ки  ин падидаи нек ва дастуру ҳидоятҳои созанда ҳамасола моро барои саҳми босазо гузоштан дар рушду инкишофи давлату миллат, илму маориф ва  хираду маърифатпарварӣ ҳидоят менамояд. Ин ҳидоятҳо дар ботини ҷавонон, ҳамчун мутахассисони оянда хислату хусусиятҳоеро тарбия менамояд, ки онҳо ифодагари арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ мебошанд.

Вобаста ба ин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии даврони Истиқлол, аз ҷумла  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои муҳими миллӣ, тарбия ба тасвиб расидааст, ки онҳо дар замири шаҳрвандон сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, инсондӯстӣ, озодандешӣ, мавқеи шаҳрвандӣ, ташаббускорӣ ва амсоли инро ташаккул медиҳанд.

Инчунин, зикр карданд, ки зери сиёсати оқилонаи Ҷаноби Олӣ ва андешидани чораҳои судманд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар сол то сол поён паст мегардад.

Таваҷҷуҳи асосии Роҳбарияти олии кишвар нисбат ба соҳаи илму маориф, ки соҳаи афзалиятноки мамлакат эълон гардидааст, қайд карда, таъсиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки зодаи даврони истиқлол мебошад, яке аз ташаббуси бузург ва ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат зикр карданд. Комиссияи олии аттестатсионӣ имрӯз, ҳамчун муассисаи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати татбиқи низоми миллии аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ, инчунин эътирофи баробарарзишии ҳуҷҷатҳои дараҷаи илмӣ ва унвонҳои илмӣ, коркард ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шаффофу воқеъбинона гузаронидани ҳимояи диссертатсияҳо тамоми тадбирҳои судмандро адешида истодааст. Бояд қайд кард, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти Комиссия саҳми собиқ раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ Абдулҳаким Розиқзода хеле намоён мебошад.

Қобили қаӣд аст, ки Комиссия аз ибтидои фаъолият то давраи имрӯз аз шуроҳои диссертатсионӣ барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ зиёда аз 3000 парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияро гузаронида, довталабон соҳиби диплом ва шаҳодатнома гардиданд, ки 72 нафари онҳо шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мебошанд.

Ҳамчунин, дар бораи зарурият гузаштан ва аҳаммияти низоми электронӣ ва истифодаи дурусти зеҳни сунъӣ, ки ба рушди иқтисодиёти рақамӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳо дар соҳаи илму маориф мусоидат менамояд, гуфта гузаштанд.

Сипас, сармуҳаррири нашрияи миллии “Садои Шарқ”, Шоири халқии Тоҷикистон  Рустам Ваҳҳобзода ҳозиринро ба фарорасии ҷашни Истиқлол ва 11-солагии таъсисёбии Комиссияи олии аттестатсионӣ табрик гуфта, таваҷҷуҳи онҳоро ба дастовардҳои давраи Истиқлол ҷалб карданд. Аз ҷумла, қаӣд карданд, ки забони мо чун забони давлатӣ бар маснади шоиста ва пурифтихори худ рушд намуд. Ба назари баъзе афрод дар ин замон забон коҳиш ёфта, унсурҳои ғаӣритоҷикӣ дар он бештар шудааст. Вале агар одилона ба ин масъала назар афканем, забони тоҷикӣ дар  ин давра бесобиқа рушд намудааст.

Пас аз ин, устод 2 шеъри худро, ки ба давраи Истиқлол ва забони давлатӣ бахшида буданд, пешкаши аҳли толор намуданд.

Инчунин, муовини сардори Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмад Абдураҳмонзода баромад карда, матни табрикоти сардори  Донишкадаи ҳарбӣ қироат намуданд.

 

 

 

 Дар охир Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Моҳрухсор Сафизода кормандонро табрику таҳният гуфта, якчанд таронаю сурудҳои худро пешкаши иштирокчиён карданд.

 

 

 

 

Дар охир ба як қатор кормандони Комиссия сипосномаҳо ва туҳфаҳо супурда шуданд.

Суратгузориш аз рафти чорабинӣhttps://www.facebook.com/share/p/1FWArDRLHz/ 

КОА

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Телефон: (+992 37) 227 00 09
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ:  info@vak.tj koa@vak.tj 

МАХЗАНИ МАЪЛУМОТИ КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Суроғаи КОА

©vak.tj 2025.
Много шаблонов Joomla на JooMix.org